Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Тоҷикистон ду президентро нигарон кард


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки ӯ ва ҳамтои русаш Владимир Путин, аз авзоъ дар Тоҷикистон бисёр нигарон ҳастанд. Нурсултон Назарбоев дар ин бора баъди мулоқот бо Путин зимни нишасти муштараки хабарӣ дар шаҳри Остона сухан гуфт. Баъди ошӯби хунини генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр ва анҷоми амалиёт ба зидди гурӯҳи у, Толибон дар Афғонистон шаҳри Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол карданд. Нурсултон Назарбоев, ҳамчунин дар бораи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба раҳбарии Русия сӯҳбат кард ва гуфт, чандин кишвари дигар майли пайвастан ба ин созмонро доранд.

XS
SM
MD
LG