Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон анбори зеризаминии аслиҳаашро нишон дод


Телевизиони давлатии Эрон навори бесобиқаи як анбори зеризаминии мушаку ҷангафазорҳоеро намоиш дод, ки ба гуфтаи мақомот “агар душманон хато кунанд”, ба кор бурда мешаванд. Аксҳои анбори зеризаминии аслиҳаро чанд рӯз баъд аз озмоиши як мушаки дурпарвозе нишон доданд, ки ба гуфтаи Амрико озмоиши он мухолифи қатъномаи Созмони Милал буд. Айни замон ба гуфтаи Вашингтон, озмоиши мушаки дурпарвоз дар Эрон мухолиф ба тавофуқи атомии ин кишвар бо 6 қудрати ҷаҳонӣ нест, чун ҳадафи ин тавофуқ роҳ надодани Эрон ба дастёбӣ ба силоҳи атомӣ аст. Бар асоси қатъномаҳои пешинаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Эрон ҳаққи озмоиши силоҳҳои балистикиро надорад. Анбори зеризаминии аслиҳа, ки садҳо метр дарозӣ ва 10 метр баландӣ дорад, бо мушаку ҷангафзорҳо пур буд. Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, кишвараш чандин анбори зеризаминии аслиҳа дорад, ки дар умқи 500 метр ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG