Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадорукот барои намоиши осори бостонии Тоҷикистон дар Музейи Британия


Дар назар аст, дар ояндаи наздик нигораҳо ва ашёи бостонии Тоҷикистон дар Музейи Британия, яке аз бузургтарин музейҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шавад.

Бино ба иттилои торнамои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 67 намуди нигора ва ашёи қадимии Тоҷикистон, назири либосҳои миллӣ, зарфҳо, асбоби мусиқӣ ва кундалҳои анъанавӣ аз ҷумлаи ашёи ин намоишгоҳ маҳсуб мешаванд.

Ба навиштаи торнамо, намоиши осори бостонии Тоҷикистон дар Музейи Британия ба ибтикори Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи ин кишвар сурат гирифта ва дар ҷараёни дидораш аз ин музей дар моҳи июли соли гузашта роҳандозӣ шудааст.

Зимнан, дар соли гузашта як ҳайати Музейи Британия вориди Тоҷикистон шуда, аз музейҳои Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” дидан карда буд.

Ба эътиқоди мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, намоиши осори бостонии Тоҷикистон дар Музейи Британия ба тавсеъаи ҳамкориҳо миёни музейҳо ва рушди равобити фарҳангӣ миёни ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG