Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъмини амният дар моҳи Муҳаррам дар Покистон


Чоудрӣ Нисор
Чоудрӣ Нисор

Чоудрӣ Нисор-вазири дохилаи Покистон эълон кард, ки дар саросари ин кишвар 16 ҳазор нафари дигар аз нируҳои амниятиро ҷойгир хоҳад кард, то аз хушунатҳои мазҳабӣ дар моҳи барои шиаҳо муқаддаси Муҳаррам пешгирӣ ба амал ояд.

Нисор 14 октябр гуфт, ки тақрибан 10 ҳазор сарбоз аз артиши Покистон ва 6 300 нафари дигар аз нируҳои шибҳанизомӣ ба таъмини амният ҷалб хоҳанд шуд.

Моҳи Муҳаррам 15 октябр оғоз мешавад ва мусулмонони шиа дар ин моҳ раҳпаймоиҳо ва ҳамоишҳое баргузор хоҳанд кард, то хотираи Имом Ҳусайн-набераи шаҳиди паёмбар Муҳаммадро пос доранд.

Солҳои охир дар ҷараёни чунин ҳамоишҳо хушунатҳо ҳам рух додааст. Соли гузашта дар шаҳри Равалпиндӣ дар ҳамоише 11 нафар кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG