Пайвандҳои дастрасӣ

Филми Мумин Шокиров барандаи ҷоиза шуд


Мумин Шокиров

Мумин Шокиров

Филми Мумин Шокиров-хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи паноҳҷӯёни украинӣ дар 5-ӯмин ҷашнвораи солонаи Lovie Award барандаи ҷоизаи биринҷӣ шуд. Ин филм аз ҳаёти паноҳҷӯёне ҳикоят мекунад, ки хонаҳои худро дар шарқи Украина тарк кардаанд ва ба Русия паноҳ бурданд.

Ҳикояти гардонандаи ин филм вазъи дардовари қаҳрамонони онро боз мекунад. Дар гузашта Мумин Шокиров барандаи бисёре аз ҷашнвораҳо, ҷумла ҷашнвораи филмҳои роҷеъ ба ҳуқуқи башар бо номи «Сталкер» шудааст.

Филми вай бо номи «Картина», ки як ҷо бо Зигмунд Зенчоловский-рӯзноманигори Полша таҳия кардаанд, барандаи ҷоизаи ҷашнвораи «Социальное партнерство»-и Маскав шуда буд. Дар ин филм муаллифон зиндагии зиндони занонаи назди Новосибирскро нишон додаанд.

XS
SM
MD
LG