Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cарбозони эронӣ вориди набарди Сурия мешаванд


Тибқи охирин гузоришҳо, артиши Сурия ҳамроҳ бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, сарбозони эронӣ ва бо ҳимояти ҳавоии Русия барои ҳамла ба шаҳри муҳим ва стратегии Ҳалаб омода мешаванд.

Ду мақоми баландпояи минтақа ба хабаргузории "Ройтерз" хабар додаанд, ки артиши Сурия ба ҳамроҳи сарбозони эронӣ ва "Ҳизбуллоҳ" ва бо пуштибонии ҳамлаҳои ҳавоии Русия омодаи ҳамла ба шӯришиён дар Ҳалаб шудааст. Аз сӯи дигар, бархе аз расонаҳои арабӣ ҳам аз ҳузури Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон дар Сурия хабар додаанд.

Гузориши Ройтерз рӯзи сешанбеи 13 октябр мунташир шуда ва бидуни ишора ба номи ин мақомот мегӯяд, ки ҳамла ба шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб густурдатар аз ҳамлаҳое хоҳад буд, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Ҳимо анҷом шуд. Вилояти Ҳимо дар рӯзҳои гузашта саҳнаи ҳамлаҳои ҳавоии сахти Русия ва пешравии сарбозони Башор Асад будааст. Ба дунболин ин ҳамлаҳо, бархе минтақаҳои он ба тасарруфи нерӯҳои ҳукуматӣ даромаданд.

Яке аз мақомоти ёдшуда дар ин бора ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки "омодагиҳо барои анҷоми як набарди бузург дар ин минтақа (Ҳалаб) мушоҳида мешавад. Артиши Сурия, ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ" ва ҳазорон сарбозони эронӣ, ки дар рӯзҳои ахир ба саҳна омадаанд, ҳамагӣ ҷобаҷо шудаанд.

Пеш аз ин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфта буд, ки Эрон ахиран ҳазорон сарбозро ба Сурия ва наздикии марзҳои Исроил фиристодааст. Оқои Нетаняҳу таъкид карда буд, ки Эрон дар садади кушодани ҷаҳбаи нав дар баландиҳои Ҷулон дар Сурия алайҳи Исроил аст. Гузориши Ройтерз низ ба нақл аз ин мақомот мегӯяд, ки "дигар ин амр пинҳон нест, ки ҳазорон эронӣ акнун дар Сурия ҳастанд ва нақши онҳо бунёдӣ аст."

ҲУЗУРИ ҚОСИМ СУЛАЙМОНӢ ДАР СУРИЯ

Дар остонаи ин ҳамла, ки гуфта шуда "қарибулвуқӯъ" хоҳад буд, гузоришҳое низ аз ҳузури Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс, шохаи бурунмарзии Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон дар Сурия, мунташир шудааст. Ин гузориш дар расонаҳои арабӣ, аз ҷумла вебсайти хабарии лубнонии "Хабар пресс" ва вебсайти сурияии "Акс ус-сайр" ба нақл аз манбаъҳои наздик ба Эрон мунташир шудааст.

Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор, ки ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон наздик аст, низ бо таъйиди ин хабар, аз оғози марҳилаи дувуми амалиёти эътилофи нав, ки бо ҳузури Сурия, Эрон, Русия, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ташкил шудааст, хабар дод.

Рӯзномаи "Ал-Ахбор" навиштааст ки Эрон рӯзи сешанбе нахустин гурӯҳ аз нерӯҳои Сипоҳи Посдоронро ба Сурия гусел кардааст, ки қарор аст ба ҳадафи оғози марҳилаи нахусти амалиёти бозпасгирии минтақаҳои шимол-ғарби Сурия, ба артиши Сурия ва ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон бипайванданд.

Бар асоси ин гузориш, ин иқдоми Теҳрон далели нақши мустақими Эрон ва ширкати сарбозони он дар ҷангҳои заминии Сурия аст. Сипоҳи посдорони ҳафтаи гузашта Ҳусайн Ҳамадонӣ, аз фармондеҳони баландпояи худро дар Сурия аз даст дод. Генерал Ҳамадонӣ дар наздикиҳои шаҳри Ҳалаб ҷони худро аз даст дод.

Шаҳри Ҳалаб пеш аз ҷанги дохилии Сурия сераҳолитарин шаҳр дар ин кишвар буд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия акнун минтақаҳои ғарбии ин шаҳрро дар ихтиёр доранд. Дар ҳоле, ки минтақаҳои шарқии он дар дасти мухолифони режими Башор мебошад.

XS
SM
MD
LG