Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Исломӣ мусулмононро ба ҷиҳод даъват кард


Гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ мусулмононро ба ҷанги муқаддаси зидди Русия ва Амрико даъват кард. Абу Муҳаммад Аднонӣ-намояндаи ин гурӯҳ рӯзи сешанбе дар як муроҷиати шифоҳӣ гуфт, «ҷавонони мусулмон дар ҳар ҷо бояд бар зидди русҳову амрикоиҳо ҷиҳод эълон кунанд, зеро онҳо бар зидди мусулмонон ҷанг мекунанд».

Амрико ва Русия ҷудо аз якдигар дар Сурия бар зидди гурӯҳҳои Давлати Исломӣ амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Аммо Вашингтон мегӯяд, ки аксари ҳамлаҳои ҳавоии Русия бар зидди мухолифони давлати Башор Асад равона шудааст. Аммо Русия ин иддаоро рад мекунад.

Интизор меравад, ки 14 октябр намояндагони Амрико ва Русия роҳҳои пешгирӣ аз бархурдҳои ғайричашмдошти ҳавопаймоҳоро дар ҷараёни амалиёти ҳавоӣ дар Сурия баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG