Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Шветсия ришдоронро ҷангиёни ДИ гумон карданд


Дар Шветсия ҳангоми аксбардории дастҷамъона қариб буд гурӯҳи шаҳрвандони шведӣ аз мафҳили ришдорон боздошт шаванд. Зеро касе онҳоро террористони Давлати Исломӣ гумон карда, ба пулис хабар додааст.

Дар асл инҳо гурӯҳи хипстерҳои “Золимони ришдор” бо парчами сияҳу сафеди иттиҳоди худ барои аксбардории дастҷамъона дар назди як ёдгории қадимӣ ҷамъ омада буданд.

Нерӯҳои зиддитеррористӣ ин ҷоро зуд ба муҳосира гирифтанд ва маълум шуд, монанди парчами сияҳу сафеди ин маҳфил сабаби воҳима шудааст, менависад spravda.com.

«Аз дур ин гурӯҳ даҳшатнок менамуд, вале вақте маъмурони пулис наздик омаданд, 30 ҷавонеро диданд, ки ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданду хурсандӣ доштанд ва мусаллаҳу низомипӯш набуданд», - менависад расона.

Зимнан, барои бори аввал нест, ки мардум ришро аломати маснубият ба гурӯҳи террористӣ мепиндоранд.

XS
SM
MD
LG