Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Москва аъзои эҳтимолии ДИ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи Москва ҳукми се нафарро баровард, ки гумон меравад ба ҳамлаҳо дар пойтахти Русия омодагӣ мегирифтанд. Бино бар ин ҳукм Аслан Бойсултонов, Элман Ашаев ва Муҳаммад Меҷидов бе имкони озодӣ дар ивази гаравпулӣ то 12 декабр дар маҳбас боқӣ мемонанд.

Раҳбари Идораи федералии амнияти Русия Александр Бортников изҳор дошт, ки ин гумонбарон дар миёни 12 нафар шаҳрванди Русия буданд, ки дар Москва 11 октябр боздошт шуданд. Ба эҳтимоли вай Байсултанов аз Сурия ба Русия барои анҷоми амалҳои террористӣ дар пойтахти кишвар омадааст.

Бортников зикр кард, ки ҳамаи боздоштшудагон аъзо ва ё ҷонибдорони гурӯҳи «Давлати исломӣ» мебошанд. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин хатарҳои эҳтимолии ҷангиёни ДИ-ро ба унвони яке аз далелҳои тасмими Кремл барои оғози амалиёти ҳавоии низомӣ дар Сурия номида буд.

XS
SM
MD
LG