Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мушак ба сафорати Русия дар Сурия бархӯрд


Ду мушак субҳи рӯзи сешанбе ба маҳалли ҷойгиршавии сафорати Русия дар Димишқ партоб шудааст. Дар ин бора хабаргузории АП гузориш додааст. Ба иттилои хабаргузорӣ, тирпаррониро ошӯбгарони суриягӣ анҷом додаанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Москва мушакборони сафорати худро дар Димишқ амали террористӣ унвон мекунад.

Ба ҳангоми партоби нахустин мушак дар назди сафоратхона қариб сесад кас қарор доштанд, ки аз амалиёти Русия дар Сурия пуштибонӣ мекарданд. Ҳангоме, ки садои таркиш баромад, мардум ба ҳар сӯ пароканда мешуданд ва дар ҳамин маврид мушаки дуввум ба бино бархӯрд. То ҳол дар бораи осебдидагон хабар дода нашудааст.

Ин бори нахуст нест, ки сафоратхонаи Русия дар Димишқ мавриди тирпарронии мухолифони режими раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад қарор мегирад. Партоби қаблии мушакҳо 21 сентябри соли 2015 сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG