Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Остона Иттиҳоди Авруосиёро «ғарисиёсӣ» мешуморад


Дар ҷаласаи Шӯрои амният дар Остона раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки тибқи «мавқеъи қатъии» Остона Иттиҳоди Авруосиёии иқтисодӣ (ИАОИ) – иттиҳоди танҳо иқтисодӣ аст. Дар ин бора маркази матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, зарфияти ИАОИ зери таъсири «омилҳои беруна» пурра боз нашудааст. Дар ҷараёни ҷаласа дар бораи зарурати «то ҳадди ақал коҳиш додани таъсироти омилҳои беруна» ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Қазоқистон ва фаъолияти ИАОИ ва риояти кишварҳои узв аз меъёрҳои беҳдоштӣ, эпидемилогӣ, меъёрҳои сиҳатии растаниҳо ва ҷонварҳо изҳори назар карда шуд.

Иттиҳодияи Авруосиё аз моҳи январи соли ҷорӣ фаъол аст ва ба он Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия аъзо мебошанд. Тоҷикистон изҳор мегӯяд, ки шароити пайвастан ба ин иттиҳодро меомӯзад. Доираҳои сиёсии Русия борҳо изҳор доштанд, ки ба ин иттиҳод Ӯзбекистон низ шомил мешавад.

XS
SM
MD
LG