Пайвандҳои дастрасӣ

Волии Кундуз гуфт, камари Толибон дар шимоли Афғонистон шикаст


Шаҳри Кундуз ба таври комил аз вуҷуди Толибон пок шуда ва ҳамакнун амалиёти низомӣ дар ноҳияҳои атроф идома дорад.

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки шаҳри Кундуз ба таври комил аз вуҷуди Толибон пок шуда ва ҳамакнун амалиёти низомӣ дар ноҳияҳои атроф идома дорад.

Сарпарасти вилояти Кундуз мегӯяд, ба хотири он, ки Толибон дубора ба шаҳри Кундуз ҳамла накунанд, дар атрофи ин шаҳр постгоҳҳо ва камарбанди маҳками амниятӣ сохтаанд.

Ҳамидуллоҳ Донишӣ, волии вилояти Кундуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари амалиёти ахир дар Кундуз, камари Толибон дар шимоли Афғонистон шикастааст.

Вай афзуд, ки "дар атрофи шаҳри Кундуз постгоҳҳо ва камарбанди ҷиддии амнияти эҷод шуда ва дар дохили шаҳр низ то пок кардани вулусволиҳо, амалиёт идома мекунад. Зарбае, ки ба Толибон дар Кундуз зада шуд, камари онҳоро шикаст ва онҳо дигар тавони ҳамла ба дигар вилоятҳоро надоранд.​"

Гурӯҳи Толибон рӯзи 28-уми сентябр шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз дар шимоли Афғонистонро бо як ҳамлаи ғофилгирона тасарруф карданд. Танҳо баъд аз се рӯз нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ки қисматҳои марказии шаҳрро бозпас бигиранд.

Мақомоти афғон ҳамзамон субҳи чаҳоршанбе эълон карданд, ки вулусволии Чордара аз дасти Толибон гирифта шудааст. Ин вулусволӣ аз пойгоҳҳои аслии Толибон ба шумор мерафт. Чанди вилояти дигар дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон, ҳамакнун дар тасарруфи Толибон мебошанд.

Волии Кундуз ҳамзамон гуфт, ки дар ҷангҳои чанд рӯзи ахир садҳо ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд. Вай шумораи кушташудаҳои гурӯҳи Толибонро 630 нафар ва захмиёни онҳоро 700 тан гуфт. Аммо дар мавриди талафот дар миёни ғайри низомиён маълумоте ироа накард.

Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати арзёбии сабабҳои суқути Кундуз ба дасти Толибон дар ду ҳафти қабл, як комиссия таъсис додааст, ки дар раъси он Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини Раёсти амнияти милли Афғонистон ва Форуқ Вардак, вазири пешини маорифи он кишвар, қарор доранд.

XS
SM
MD
LG