Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба таркиши маргбор дар нуқтаи нигаҳдории сӯзишвории деҳаи Арбобхотун парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин таркиш, ки 4 нафарро кушт ва чанд тани дигарро захмӣ кард, шоми сешанбеи 13-уми октябр ба амал омад.

Дар робита ба таркиши маргбор дар нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад. Бар асари ин таркиш чаҳор нафар ҷон бохта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи расмии худ сабаби ин ҳодисаро дар риоя накардани техникаи бехатарӣ медонад, зеро таркиш дар пайи корҳои кафшергарӣ ба вуқӯъ омадааст. Ин ниҳод мегӯяд, нуқтаи нигаҳдории маводи сӯхт дар деҳаи Арбобхотун ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Бафоев Ғайбулло” тааллуқ дошта, аз ҷониби “Газпромнефти Тоҷикистон ”ба иҷора гирифта шудааст.

Маҳмадхӯҷа Абдураҳимов, яке аз нафарони дар пайи ин таркиш фавтида, дар анбори нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ ба ҳайси барқчӣ кор мекард. Ӯ ҳамагӣ 55 сол дошта, соҳиби 10 фарзанд будааст. Пайвандони Маҳмадхӯҷа Абдураҳимов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, вай 18 сол таҷрибаи корӣ дошта, 7 соли ахир дар ин анбор кор мекард.

Идибек, хоҳарзодаи Абдураҳимов гуфт, ки тағояш ҳамеша эҳтиёткор буд: “Ман худам ҳайронам, ки чи тавр ин фоҷеа рух дод. Дирӯз соати 4-и бегоҳ бо ӯ телефонӣ сӯҳбат доштам ва бо гузашти як соат ин фалокат рух дод. То ҷое аз суханони мардум фаҳмидам, ба вақти кафшер кардан таркиш мешавад ва мавҷи ин таркиш тағоямро ба ҳаво меандозад. Мо ҳатто ҷасадашро надидем, зеро зиёд осеб дидааст.”

Идибек таркиш ва марги тағои худро “кори тақдир ва насиб” арзёбӣ кард ва афзуд, маъсулини ин нуқтаи нигаҳдории маводи сӯхт ба аҳли хонаводаи Маҳмудхӯҷа Абдураҳимов изҳори тасаллият карданд. Вале бо ин ҳам Идибек нагуфт, ки раҳбарияти “Газпромнефти Тоҷикистон” ва ё ширкати “Бафоев Ғайбулло” ваъдаи пардохти ҷубронпулиро ба оилаи марҳум доданд ё не.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Газпромнефти Тоҷикистон” дар як изҳороти худ, кормандони ин ширкат будани шахсони ҳалокшударо рад карда, дар иртибот ба ҳодисаи таркиши анбори сӯхт гуфт, ки масъулияти бехатарӣ дар ҳодисаи мазкур ба дӯши онҳо нест, чунки ин анбори сӯхт дар ихтиёри ширкати “Бафоев Ғайбулло” қарор дорад.

Ба иддаои «Газпромнефти Тоҷикистон», онҳо бо ин ширкат танҳо оиди нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ қарордод бастаанд. “Газпромнефти Тоҷикистон" мегӯяд, ки “мутобиқи ин шартнома, ҳамаи ӯҳдадориҳо оид ба нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ бо риояи меъёру қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ ва посбонӣ, ки тибқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба дӯши ҶДММ «Бафоев Ғайбулло» вогузор шудаанд.

“Газпромнефти Тоҷикистон” дар ҳоле бори масъулиятро аз шонаҳои худ дур мекунад, ки масъулони ширкати “Бафоев Ғайбулло” аз сӯҳбат бо хабарнигорон дар робита ба ин ҳодиса худдорӣ намуданд ва ҳатто иҷозаи ворид шудан ба анборро низ надоданд.

Аммо як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 14-уми сенябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо аз ҳисоби намояндагони, вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ, раёсати зидди сӯхтор ва хадамоти назорати меҳант, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гурӯҳи корӣ ташкил мешавад ва онҳо муайян хоҳанд кард, ки масъулияти пардохти зарари расондашуда ба хонаводаи ҳалокшударо кадом корхона аст. Ҳамакнун ин гурӯҳи корӣ муайян месозад, ки корфармоёни афроди ҳалокшуда “Газпромнефт Тоҷикистон” буд ва ё ширкати “Бафоев Ғайбулло”.

Ин мусоҳиби мо афзуд, тибқи қонуни “ҳифзи меҳнати Тоҷикистон ”дар чунин ҳолат корфармо вазифадор аст, ки ба хонаводаи афроди фавтида ҷубронпулӣ пардохт кунад: “Корфармо бахусус дар чунин нуқтаҳое, ки сӯзишвори нигаҳдорӣ мешавад, бояд бехатарии корманди худро кафолат бидиҳад. Аммо дар сурати ба вуқӯъ омадани чунин фалокатҳо, корфармо бояд тибқи муқарароти қонун ба миқдори ҳашт маоши кормандаш ҷубронпулиро таъмин кунад ва дар ин баробар агар корманди фавтида фарзандони ноболиғ дошта бошад, то ба синни корӣ расидани онҳо ӯҳдадор аст, ки нафақапулиро низ пардохт намояд.”

Зимнан давоми камтар аз як соли ахир, ин ҳодисаи дувуми таркиш дар нуқтаҳои нигаҳдории сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки мунҷар ба марги одамон мешавад. Рӯзи 8 ноябри соли гузашта низ бар асари таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 нафар ба ҳалокат расида буд. Вазорати умури дохилӣ он замон гуфт, ки таркиш дар пайи ба амал омадани шарора аз гази моеъ ва аз "беэҳтиётӣ" сар задааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG