Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кило тилои Қирғизистон "гум" шудааст


Дар асоси парвандаи тиллодуздӣ аз корхонаи Макмали Қирғизистон муваққатан 12 корманд аз кор барканор шудаанд. Дар ин бора ба бахши қирғизии радиои "Озодӣ" раиси корхонаи истихроҷи тилло Канибек Дийканов хабар додааст. Ба гуфтаи вай, дар моҳи июл комисияи назди "Қирғизалтин" муайян кард, ки дар корхона ба миқдори 1 кг тилло намерасад. Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи Дийканов, дар ҳоли ҳозир дар корхона назорати шадид ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин сардори посбонон иваз ва дурбинҳои назоратии иловагӣ насб шудаанд.

XS
SM
MD
LG