Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сардухтури узбак баъди танбеҳ


Сардухтури беморхонаи ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон рӯзи 9 октябр аз сактаи дил дар саҳрои пахта фавтидааст. Юсуф Эсергапови 53-сола чанд рӯз пеш аз маргаш барои иҷро накардани нақшаи пахтачинӣ бо фармони мансабдоре аз Тошканд, ки барои назорати рафти ҷамъоварии пахта ба ноҳия омадааст, ҷазо гирифт. "Эсергапов барои иҷро накардани нақшаи ғунучини пахта ду рӯзро дар "штрафбат" ё ҳабс гузаронидааст. Ҳокими ноҳияи Ғаллаорол Азим Тулабов низомеро ба роҳ мондааст, ки дар асоси он мансабдороне, ки ҳиссаи худро иҷро намекунанд, ба "гуруҳи ҷазо" фиристода мешаванд. Ба забони дигар, ин як навъи зиндон аст. Чандин нафар аз роҳбарони ноҳия ба "гуруҳи муҷозотӣ" шомил шудаанд", - гуфтааст манбаи радиои "Озодӣ". Нашрияи Eltuz.com, ки дар бораи қурбониёни мавсими ҷамъоварии пахта чандин матлаб ба табъ расонидааст, менависад: "Баъд аз лату кӯби шадиди сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ Юсуф Эсергапов дар ҷаласаи ахири ҳокимият, раиси ноҳия ба сардори Раёсати корҳои дохили дастур додааст, ки ӯро ҳабс кунанд". Баъди аз аз зиндон баромадан, сардухтур ҳолати мушкили равониро аз сар гузаронида, фавтидааст.

XS
SM
MD
LG