Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозигари “Ҳулбук” барои латту кӯби довар як сол аз футбол маҳрум шуд


​Шӯҳрат Раҳмонов, бозигари «Ҳулбук»-и Восеъ, ба муддати як сол аз ширкат дар мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум шуд.

Бо тасмими кумитаи назорату одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Шӯҳрат Раҳмонов, бозигари дастаи лигаи аввали футболи кишвар - «Ҳулбук»-и Восеъ - аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоте, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон анҷом медиҳад, ба муҳлати як сол маҳрум шуд. Ба чунин ҷазо футболбоз барои он гирифтор шуд, ки дар бозии мусобиқаи лигаи аввал муқобили дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд (3 октябр) сардоварро латукӯб кардааст.

Дар ҷаласаи навбатии кумитаи назорату одоби ФФТ Шӯҳрат Раҳмонов, инчунин ба маблағи 1000 сомонӣ муҷозот шуд.

Бо қарори ин кумита барои таъмин накардани тартибот ва амнияти доварон дар бозӣ байни дастаҳои «Ҳулбук» ва «Эсхата” варзишгоҳи «Ҳулбук» аз баргузории як бозӣ маҳрум гашт.

Инчунин бо қарори кумитаи назорату одоби ФФТ бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Комрон Турсунов барои шатта задани рақибаш дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ССКА «Помир»-и Душанбе (1 октябр), аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG