Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Толибон ба Ғазнӣ ноком шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҳамлаи Толибон ба шаҳри Ғазнӣ дар ҷануби кишварро рафъ карданд. Бо вуҷуди ин нигарониҳо авҷ гирифт, ки Толибон мехоҳанд, манотиқи таҳти нуфузашонро, ки ҳоло фақат рустоҳост то ба шаҳрҳо густариш бидиҳанд. Ду ҳафта пештар аз ин ҷангҷӯёни Толиб шаҳри шимолии Кундузро барои муддати кӯтоҳе ишғол карданд. Баъди ҳамлаи Толибон ба Ғазнӣ, фурӯшгоҳо ва мактабҳои шаҳрро бастанд. Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ, муовини раиси вилояти Ғазнӣ, гуфт, ки субҳи 12-уми октябр 2000 ҷангӯи Толиб аз чанд тараф ба шаҳри Ғазнӣ ҳамла карданд, вале “мо омода будем ва ҳамлаи онҳоро рафъ кардем.” Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки барои муҳофизати шаҳр аз минтақаҳои наздик нерӯҳои изофӣ фиристоданд.

XS
SM
MD
LG