Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Эрон созиши атомиро пазируфт


Ба гузориши хабаргузории ИРНА, порлумони Эрон тарҳи иҷрои созиши атомӣ бо 6 қудрати ҷаҳониро тасвиб кардааст. Айни замон вакилони мардумии Эрон бо тасвиби созишнома гуфтаанд, ки нозирони байналмилалӣ бояд ба таъсисоти низомии кишвар дастрасии маҳдуд дошта бошанд. Ба гуфтаи хабаргузории ИРНА, дар раъйгирӣ дар Маҷлиси Эрон 161 нафар ба тарафдории созиши ҳастаӣ раъй додаанд. Бар асоси ин созиш, Теҳрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон ба тадриҷ аз байн бардошта шавад. Панҷоҳу нӯҳ вакил мухолифи қабули созиши фарогири атомӣ раъй додаанд ва 13 нафар бетарафӣ ихтиёр кардаанд. Ин санад, ки дар баррасии муқаддамотӣ дар рӯзи 11-уми октябр бо тафовути ками раъйҳо қабул шуд, акнун барои тасвиби ниҳоӣ ба Шӯрои нигаҳбон, олитарин ниҳоди қонунгузори Эрон фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG