Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 корманди Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир


Маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири назди президентро боздошт карданд. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷи як амалиёти кормандони Оҷонсӣ ду нозири шўъбаи зудамали раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон боздошт шудаанд

Вай дар шарҳи ҳодиса гуфт, бар асоси аризаи шаҳрванд “А”, рӯзи 28 сентябри соли 2015 нозири Шӯъбаи зудамали раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон Илҳом Қодиров як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки бо хариду фӯруши маводи мухаддир машғул будааст, боздошт намуда, вале ба ҷавобгарӣ накашида, аз ӯ 2000 сомонӣ талаб кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Илҳом Қодиров барои ба даст овардани ин маблағ шаҳрвандро муттаҳам намуда, ҳамкори худ нозири Шўъбаи зудамали Раёсат Ҷамшед Исмоиловро, ки бо шаҳрванд “А” хешу табори доштааст, барои гирифтани 2000 сомонӣ фиристодааст. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии мубориза коррупсияи Тоҷикистон афзуд, Ҷамшед Ашӯров ҳангоми аз хешовандаш “А” гирифтани маблағи 1000 сомонӣ боздошт шуд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, баъди ошкор шудани ин ҳодиса, 6 корманди Раёсати ин ниҳод дар Хатлон, аз ҷумла муовини аввали сардори ин раёсат аз вазифа барканор шуданд.

Оҷонсии мубориза коррупсияи Тоҷикистон алайҳи Илҳом Қодиров ва Ҷамшед Ашуров бо қисми 2 банди “г”-и моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ,- аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG