Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Муғулистон


Дидори Сироҷиддин Аслов бо Дамба Ганхуяг

Дидори Сироҷиддин Аслов бо Дамба Ганхуяг

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири давлатии Вазорати умури хориҷаи Муғулистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаҳои мухталифро баррасӣ кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳамчунин, Сироҷиддин Аслов ва Дамба Ганхуяг дар атрофи раванди иҷрои тавофуқоте, ки дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони ду давлат дар моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҳосил шуда буд, табодули назар кардаанд.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Дамба Ганхуяг, дабири давлатии Вазорати умури хориҷаи Муғулистон нахустин машварати сиёсии ин ду кишвар баргузор шуд.

Дар ин машварат масоили марбут ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, илму фарҳанг ва консулгарӣ матраҳ гардид.

Зимнан, ҳайати давлати Муғулистон ба раҳбарии Дамба Ганхуяг, дабири давлатии Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта ва бо масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мулоқотҳое анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG