Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррухи Салим байни ҷавонон қаҳрамони Осиё шуд


Фаррухи Салим, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд медали тило ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки рӯзҳои 11- 12 октябр дар Бангкоки Тайланд, баргузор шуд, соҳиби медали тило гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Сунглим Чой (Кореяи Ҷанубӣ) ва Темирлан Колбай (Қазоқистон), ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Фаррух бар Азамат Бектурсунов (Қирғизистон) пирӯз шуда, сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Кейсей Накано (Филиппин), сипас бар Имон Некиқбол (Эрон) ғолиб шуд. Вале Акмал баъдан аз Мунхҷаргал Ерденехуу (Муғулистон) ва Сейго Масаки (Ҷопон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд ҳамагӣ 168 варзишгар (98 писар ва 70 духтар) аз 23 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 3 гуштигир дар сабқати ҷавонон намояндагӣ карданд. Вале намояндаи севуми Тоҷикистон – Темур Раҳимов - дар вазни то 100 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Ёшинобу Ито (Ҷопон) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 14 медал (12 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ғолиб шуд. Кореяи Шимолӣ бо касби 4 медал (1-3-0) ҷойи дувум ва Тайван бо касби 6 медал (1-1-4) ҷойи севумро гирифтанд. Тоҷикистон бо 1 медали тило мақоми 5-умро соҳибӣ кард.

XS
SM
MD
LG