Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои зидди Беларусро мебардорад


Ҳарлим Дезир
Ҳарлим Дезир

Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки бо вуҷуди нигарониҳо аз интихоботи 11 октябри раёсати ҷумҳурӣ муваққатан таҳримҳои зидди Белларусро боздорад.

Ҳарлим Дезир-Дабири давлатии Фаронса дар умури Аврупо гуфт, ки аз моҳи январ лағви таҳримҳо барои чаҳор моҳ шуруъ мешавад. Вай афзуд, агар ақибравӣ мушоҳида шавад, ҳар вақт таҳримҳоро метавонанд аз сар бигиранд.

Пештар ҳайати нозирони САҲА аз ҷараёни баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус интиқод кард. Александр Лукашенко, ки 21 сол дар сари қудрат аст, дар интихоботи 11 октябр 83,5 дарсад рай ба даст овардааст.

Кент Ҳастед-раҳбари ҳайати нозирони САҲА 12 октябр гуфт, ки интихобот ба меъёрҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳастед гуфт: “Рӯшан аст, ки Беларус барои иҷрои уҳдадориҳоии демократиаш бояд роҳи тӯлониро тай кунад”.

Ҳастед илова кард, ки бо вуҷуди баъзе падидаҳои мусбат дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ норӯшаниҳо мавҷуд буд. Вай ҳамчунин аз камбудиҳо дар ҷараёни шумориши оро изҳори норизоятӣ кард.

XS
SM
MD
LG