Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА ва СПАД ба Тоҷикистон ваъдаи кӯмак карданд


Николай Бордюжа

Николай Бордюжа

Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 12 октябр гуфт, ки ин созмон ба таври ҷиддӣ дар таҳкими марз ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Бордюжа мегӯяд, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон якҷоя кӯмак мекунанд. Вай ин нуктаро дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА роҷеъ ба таъмини амният дар минтақаи АвруОсиё изҳор дошт.

Ин ҳамкориҳо масъалаҳои амнияти иттилоъотӣ, истифода аз захираҳои САҲА барои пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар хоҳанд гирифт. Дар ҷаласаи Шӯрои доимӣ Ламберто Заннер-Дабири кулли САҲА ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG