Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама гуфт, Путин дар раҳбарӣ заъфият нишон медиҳад


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо ҳимоят аз режими Башор Асад дар раҳбарӣ заъфият нишон медиҳад. Маскав иддао мекунад, ки дар мубориза бо шӯришиён ба нируҳои ҳукуматии Сурия ёрӣ мерасонад.

Обама гуфт, “Ҳоло Путин нируҳои худро, низомиёни худро барои он ба кор мебарад, ки ҳампаймони худ Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро ҳифз кунад”.Вай гуфт, “он чӣ онҳо мекунанд, далели тавоноӣ нест”. Барак Обама ин суханонро ба шабакаи хабарии телевизиони CBS дар барномаи “60 дақиқа” баён дошт.

Ба гуфтаи Обама, бӯҳрони пешомада аз бозигарони калидӣ тақозо мекунад, ки онҳо зарурати ташкили ҳукумати давраи гузорро эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG