Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 12 рӯз нақшаи даъват ба артиш 51% иҷро шуд


Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои беш аз 51 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 12 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати 12 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, ноҳияҳои Дарвозу Ишкошими вилояти Бадахшон, шаҳрҳои Сарбанд ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ва Зафарободу Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи артишро сад дар сад иҷро намуданд.

Тибқи иттилои Фаридун Маҳмадалиев, дар ин муддат вилоятҳои Бадахшон – 69 дарсад, Хатлон – 60, Суғд - 56, ноҳияҳои тобеи марказ – 36 ва аз ҳама камтар шаҳри Душанбе 33 дарсад нақшаи давъати баҳорӣ барои хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд. Фаридун Маҳмадалиев дар мавриди маводи расона аз вуҷуди “облава” гуфт, дар муддати 12 рӯзе ки даъвати тирамоҳӣ ҷараён дорад, ҳамагӣ ду нафар аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хизмат шикоят кардаанд, ки дар зудтарин фурсат ба мушкили онҳо расидагӣ шудааст.

Қаблан низ Вазорати дифои Тоҷикистон бо таъсиси бахши қабули шаҳрвандон дар назди комиссариатҳои низомии шаҳру ноҳияҳои кишвар хабар дода буд, ки мехоҳанд аз ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хизмат ҷилавгирӣ кунад.

Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр идома мекунад. Дар ҳар даъват ба сафи артиш аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола истихдом мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600 000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд.

XS
SM
MD
LG