Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бародарам як шабонарӯз дар морг буд, зинда шуд"


​Як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба гумони он ки дар натиҷаи таркиш дар корхонаи оҳангудозӣ фавтидааст, ба сардхона бурда шудааст. Танҳо баъд аз як шабонарӯз аз зинда будани ӯ хабардор гардидаанд.

Холиқ Қурбонов, муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи инфиҷор дар корхонаи оҳангудозии шаҳри Обнински вилояти Калуга беҳуш шуда буд, ба гумони он ки мурдааст, ба “морг” ё сардхона интиқол ёфта, шабро дар он ҷо рӯз кардааст. Лоиқ Қурбонов, бародари Холиқ мегӯяд, кормандони сардхона баъд аз нолаҳои ҷонкоҳи ӯ аз зинда буданаш огоҳ шуда, сипас, ба табобатхона овардаанд.

“Вале кордеҳи ӯ, яъне мудири корхонаи оҳангудозӣ, тамоми ҳуҷҷатҳояшро гирифтааст ва бозпас намедиҳад. Бар илова даъво дорад, ки чунин коргар надошт,” – афзуд Лоиқ.

Холиқ Қурбонов сокини деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент буда, рӯзияшро дар корхонаи оҳангудозии шаҳри Обнинск пайдо мекардааст. Бародари ӯ 12 октябр дар суҳбати телефонӣ аз беморхонаи Подолск ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломатии Холиқ Қурбонов беҳад вазнин аст ва пизишконе, ки аз Маскав овардаанд, дар пайи наҷот доданаш ҳастанд. Ӯ гуфт, Холиқ дар ин корхона кафшергар буда ва рӯзи 4 октябр, вақте деги оҳангудозӣ дар ин корхона мунфаҷир мешавад, мехоҳад фирор кунад, вале оҳанпораҳои гудохта ба сару рӯ ва тахтапушташ расида, ӯро аз пой афтодаанд.

“Ӯро мисли ду коргари дигари ин корхона, ки фавтидаанд, мурда пиндошта бидуни санҷиш ба “морг” мебаранд ва ӯ як шабонарӯз дар онҷо мемонад. Вақте 5 октябр ба ҳуш меояд, ҳамшираҳои тиббӣ аз садои ҷонкоҳаш огоҳ шуда ба утоқ меоранд,” -- мегӯяд Лоиқ Қурбонов.

Вай меафзояд, вақте ӯро ба утоқи беморхона интиқол додаанд, аслан аз пайи табобаташ нашудаанд. “Бародарам ҳарчанд “об диҳед” ва “чой диҳед” мегуфтааст, аҳамият надодаанд ва мо ӯро ба дармонгоҳи шаҳри Поддолск овардем,” – нақл кард ӯ.

Бародари Холиқ мегӯяд, кордеҳаш мудири ширкати “Металлобаза” бо номи Михаил Михайлович ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиносномаи хориҷии Холиқро гирифтааст ва бозпас намедиҳад. Ба иттилои Лоиқ, ин мудири корхона ба коргарони дигараш, ки аксарашон аз ноҳияи Конибодом будаанд, гуфтааст, то 10 рӯз ба кор ҳозир нашаванд.

Холиқ Қурбонов дар Корхонаи оҳунгудозии шаҳри Обининск бо қайди рӯзона ва бидуни патент фаъолият доштааст ва як соли пеш низ дар ҳамин корхона бо моҳонаи 35 ҳазор рубл фаъолият доштааст. Лоиқ Қурбонов меафзояд, пизишкони беморхона барои табобати бародараш 3 миллион рубл талаб кардаанд ва ӯ феълан аз ҳисоби наздиконаш бо дору таъмин карда мешавад.

Вай мегӯяд, бар асари таркиши деги оҳангудозӣ дасту сару рӯй ва бештар аз ҳама тахтапушти Холиқ Қурбонов сӯхтаанд ва тақрибан 70 фоизи баданаш ҷароҳат бардоштаанд. Холиқ Қурбонови 48-сола соҳиби 5 фарзанд мебошад. Дар таркиши 4 октябр ду шаҳрванди Белорус ва Украина фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG