Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли гази Русия ба Украина оғоз шуд


Ширкати Газпроми Русия мегӯяд, ки субҳи 12 октябр интиқоли газ ба Украинаро оғоз кардааст. Ин дар ҳолест, ки Киев 234 миллион доллар нархи газро ба Русия пешпардохт кардааст.

Газпром интиқоли газ ба Украинаро дар оғози соли ҷорӣ қатъ карда буд ва он вақт ҷонибҳо натавонистанд дар бораи нархи газ ба тавофуқ бирасанд.

Аммо бо кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо моҳи гузашта тавофуқ ба даст омад ва акнун Украина 6 моҳ, яъне то моҳи марти соли 2016 аз Русия газ мегирад. 9 октябр Газпром гуфт, ки Украина барои моҳи октябр 2 миллиард метри муккааб газ дархост кардааст.

Дар гузашта баҳсҳои миёни Русияву Украина барои газ сабаби қатъи интиқоли он шуд. Ҳатто дар соли 2009 чунин баҳсҳо дар сардии зимистон боиси қатъи газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ шуда буд.

XS
SM
MD
LG