Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирориён 3 посбони зиндонро дар Қирғизистон куштанд


Субҳи рӯзи 12 октябр 9 нафар зиндониён аз зиндоне дар шимоли Қирғизистон фирор кардаанд. Онҳо ҳангоми фирор 3 посбонро куштаанд. 5 нафар зиндонии фирориро баъдтар боздошт кардаанд.

Мақомоти зиндони Қирғизистон мегӯянд, ки 2 нафари онҳо барои тундгароиву терроризм ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд. Гуфта мешавад, ки аз 4 нафари боқимондаи фирориён 3 нафараш бедараканд ва онҳо узви гурӯҳи Ҷайши Маҳдӣ будаанд.

Мақомоти интизоимии Қирғизистон ин гурӯҳро барои чанд бамгузорӣ ва талоши табаддулот муттаҳам медонанд. Дар ин кишвар пойгоҳи нируҳои ҳавоии Русия ҷойгир аст. Нируҳои амниятии Қирғизистон се моҳ пеш дар даргирие 6 марди мусаллаҳро ба қатл расонданд.

XS
SM
MD
LG