Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Петербург нахустин фурӯшгоҳ барои бехонаҳо боз шуд


Бо талоши созмони хайриявии «Паноҳгоҳ» ва мағозаи хайриявии «Сипос!»-и Петербург дар ин ҷо барои овораҳо фурӯшгоҳе боз шуд, ки ба он ҷо сокинони шаҳр либоси дасти дуввуми худро ба он меоваранд.

Мағозаи хурдакаке дар ҳавлии «Шабхобрав» бо гулҳову ойинаҳо ва силсилагулҳои қоғазӣ оро ёфта, ду нафар зебошиносони ихтиёрӣ ба мардуми бехонумон дар интихоби либос машварат медиҳанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, таҷрибае дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки дар он ҷо чунин як мағозаи якрӯза барои бори нахуст фаъол шудааст, илҳомбахши онҳо будааст.

XS
SM
MD
LG