Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми қирғизӣ дар рӯйхати даъвогарони "Оскар"


Филми коргардони қирғиз Мирлан Абдикаликов «Сутак» («Кӯчманчигии осмонӣ») ба феҳрасти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ворид шудааст.

Соли ҷорӣ дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ»-и «Оскар» 81 филм рақобат мекунанд. Даъвогарони аслӣ барои ин ҷоиза 14 январи соли 2016 эълом шуда, маросими тақдим 29 феврал баргузор мешавад.

Асли қиссаи филми «Сутак» аз он иборат аст, ки дар кӯҳҳои баланди Қирғизистон дар оилаи кӯчманчие танҳо занон боқӣ мемонанд. Ин филм ҷоизаи аслии Ҷашнвораи байналмиллалии «Киношок» дар шаҳри Анапаи Русия ва ҷоизаи мунақиддони филм дар Аврупо ва Баҳри Миёназамин дар ҷашнвора дар Карлови Вариро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG