Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони Асад аз дахолати Русия норозиянд


Мухолифони Сурия тасмим гирифтанд, ки аз ширкат дар музокироти сулҳ барои ҳалли бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ дар ин кишвар ба далели мудохилаи Русия ба ин даргирӣ даст кашанд. Дар ин бора рӯзи якшанбеи 11 октябр Эътилофи миллии нерӯҳои мухолиф ва инқилобии Сурия хабар додааст.

«Қатъи ҳуҷуми Русия» ба Сурияро мухолифони режими Асад шарти азсаргирии ин музокирот номидаанд.

Намояндагони мухолифони Сурия иддаъо мекунанд, ки зарбаҳои ҳавоии Русия бештар на ба террористони «Давлати исломӣ», балкӣ бар зидди исёнгароне равона шудаанд, ки бо нерӯҳои раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд.

Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизонии «Россия-1” рӯзи яшанбе таъкид кард, ки ҳадафи амалиёти низомии кишвараш дар Сурия “тақвияти ҳукумати қонунӣ ва фароҳам кардани шароит барои ҳамгироии сиёсӣ мебошад”.

XS
SM
MD
LG