Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози норозиён дар Минск


Дар Минск шоми якшанбе баъд аз анҷоми раъйдиҳӣ дар интихоботи раиси ҷумҳур даҳҳо нафар дар назди бинои ҳукумати Белоруссия даст ба гирдиҳамоӣ заданд.

Дар атрофи ширкаткунандагони гирдиҳамоии ғайриқонунӣ маъмурони ниҳодҳои амниятӣ ва ҳамчунин афроди мулкии дар даст таҷҳизоти мухобиротӣ дошта қарор доранд. Ҷонибҳо бар зидди ҳамдигар ҳеҷ аъмоле анҷом намедиҳанд.

Дар интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар қариб 82% интихобкунандагон ширкат карда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ Аляксандр Лукашенка 84% овоз гирифтааст. Сергей Гайдукевич каме бештар аз панҷ фоиз, Татяна Короткевич қариби панҷ фоиз ва Николай Кулахович қариби 1.5% овозҳоро соҳибӣ кардаанд. Зиёда аз ҳафт дарсади интихобкунандагон «зидди ҳама» раъй додаанд.

Лукашенка, ки аз соли 1994 раҳбари Белоруссия мебошад, бори панҷум раиси ҷумҳур мешавад.

XS
SM
MD
LG