Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади зан дар борхалтаи селофанӣ


Як сокини 34-солаи Қӯрғонтеппа ба иттиҳоми қатли зане дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Мақомоти Вазоарти корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 октябр гуфтанд, ки қатли ин зан дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ рух додааст. Ба иттилои онҳо, “рӯзи 30 сентябр мард дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе бо зани 39-солаи сокини пойтахт, миллаташ рус, муноқиша намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, ба қатл расонидааст. Сипас, ҷасади занро ба борхалтаи селофанӣ андохта, даҳонашро бо сими алюминӣ баста, ба дохили партовгоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.” Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG