Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкон: Саломат Пирова ба ҳангоми депрессия ҷиноят кардааст


Кӯдакони ғарқшудаи Саломат Пирова

Кӯдакони ғарқшудаи Саломат Пирова

Беморхонаи амрози рӯҳии вилояти Хатлон ташхиси Саломат Пирова, занеро, ки худ ва се фарзандашро ба дарёи Вахш партофту кӯдаконаш ҷон бохта буданд, ба анҷом расонидааст.

Дар ҷараёни ташхис маълум шудааст, киСаломат Пироваи 23-сола дар ҳолати рӯҳафтодагии дараҷаи вазнин ё депрессия қарор дошта ва ӯ ба беморхонаи амрози рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ мунтақил шудааст.

Акрам Давлатов, сардухтури беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон, рӯзи душанбеи 12 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт,ки Саломат Пирова, ки ахиран танҳо зиндагӣ кардаю беназорат монда ба ин амал даст задааст, ки сабабаш рӯҳафтодагии вазнин ва ё депрессия мебошад.

Ҷаноби Давлатов гуфт, ки ин зан чандин бор ба ин беморӣ гирифтор шуда, аммо наздиконаш ба духтур муроҷиат накардаанд, ки дар сурати танҳо мондан ба ҷони худ ва фарзандонаш қасд кардааст.

Мақомоти пулиси ноҳияи Вахш мегӯяд, ки бо вуҷуди ташхиси тиббӣ, ки ин занро бемории равонӣ гуфтааст, аммо онҳо ташхиси дигарбораро дар ноҳияи Рӯдакӣ анҷом хоҳанд дод.

Пулис мегӯяд, ки Саломат Пирова рӯзи 21 сентяб соати 13 хонаи похсагинашро оташ зада ва сипас се кӯдакашро ба дарёи Вахш, ки аз хонааш 30 метр масофа дошт,бурда онҷо ба об партофтааст.

Ба ҳангоми бозпурсӣ бо ин зан гуфта буд, ки аввал кӯдакҳоро партофта, сипас бо садои баланде худро аз пушти онҳо ба дарё андохтааст.

Моҳидорон, ки ин занро зинда ва се кӯдакашро мурда аз об баровардаанд мегӯяд, ки аввал онҳо шоҳиди сӯхтани хона шудаанд, ки касе обро нигоҳ накард, аммо моҳидорҳои дигар онҳоро ба кумак даъват кардаанд.

Аҳлиддин Абдуллоев, шавҳари 25-солаи Саломат Пирова мегӯяд, ки ҳанӯз ҳамсарашро надидааст, аммо хонаводаи Аҳлиддин ва Саломат мегӯянд, ки ӯ гоҳо дар сурати асабоният худро идора карда наметавонист ва кӯдакҳоро шаппотӣ мезад.

XS
SM
MD
LG