Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар таҳияи таркиш гумонбар мешаванд


Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ки аз як амали террористии мудҳиш дар шаҳри Маскав ҷилавгирӣ карданд. Дар робита ба ин ҳодиса гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз даҳ нафар боздошт шуд.

Мақомоти интизомии Русия хабар додаанд, ки аз як амали террористӣ дар Маскав пешгирӣ карданд. Онҳо дар остонаи анҷоми ин амали террористӣ дар бораи ин табаҳкорӣ маълумот ба даст овардаанд ва даҳ нафар гумонбарро боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи худашон аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз онҳо як дастгоҳи тарканда мусодира шудааст.

Андрей Чатский-намояндаи Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия ба матбуоти кишвараш гуфтааст, ки нируи таркандаи ин дастгоҳ ё бомба ба 5 килограм тротил баробар будааст. Ин тақрибан ҳамон миқдор моддаи тарканда аст, ки ду рӯз пеш дар ҷараёни як ҳамоиш дар шаҳри Анкараи Туркия террористон дар миёни анбӯҳи одамон тарконданд. Дар ду таркиши маргталабона дар Туркия 97 нафар ба қатл расиданд. Туркия мегӯяд, ки созмондиҳандаи ин амали террористӣ тундравҳои “Давлати Исломӣ” мебошанд.

Вале мақомоти амниятии Русия мансубияти ин гурӯҳи даҳнафарии боздоштшудагонро ошкор накардаанд. Ҳамчунин ошкор накардаанд, ки ин даҳ нафар мушаххасан шаҳрвандони кадом кишварҳои осиёи Марказӣ мебошанд. Муҳаммад Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар маскав ба Радиои озодӣ гуфт:

“Сафорати Тоҷикистон аз он ки субҳи рӯзи 12 октябр дар расонаҳои русӣ хабар дар бораи он ки гӯё боздоштшудагон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, хабар дорад, аммо мо чизе аз худ илова карда наметавонем то замоне, ки мақмоти зидахли Русия шаҳрвандӣ ва ҳуввияти ин нафарони боздоштшударо ошкор накунанд”.

Мақомоти Русия то ҳол мегӯянд, ки барои халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш аз ошкор кардани ному насаб ва кишвари ин афрод худдорӣ мекунанд. Вале мегӯянд, ки амалиёти боздошти онҳо дар чаҳорчӯбаи мубориза бо терроризм анҷом гирифтааст, ки дар шаҳри Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия идома дорад.

Дигар хабаргузориҳои Русия, аз ҷумла, сомонаи "Грани.ру" бо такя ба кормандони Хадамоти федеролии амният навиштаанд, ки аз гумонбарон дар терроризм ба миқдори зиёд силоҳ ҳам мусодира кардаанд.

Аъзои гурӯҳ дар чаҳорчӯби режими таҳкими мубориза бо терроризм боздошт шудаанд, ки рӯзҳои ахир, баъд аз шурӯъ амалиёти низомӣ дар Сурия дар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ҷорӣ шуда буд. Ба иттилои мақомоти амниятӣ, ин гурӯҳ мехост амали террористиро дар яке аз истгоҳҳои метро ё фурудгоҳҳои шаҳри Маскав анҷом диҳад.

Ин афрод мехостанд бо дастгоҳи аз дур ҳидоятшаванда, ки ба телефони ҳамроҳ ё мобил шабоҳат дорад, аз масофаи муайян ин бомбаро тарконанд.

Як сарчашмаи дигари амниятӣ ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки баъзе аз боздоштшудагон пайравони ақидаҳои тундравҳои Давлати Исломӣ мебошанд ва имкон дошт ба ҷонибдорӣ аз тундравҳо дар Сурия дар амалиёти ҷангӣ ширкат кунанд.

Аввалин гумонбарон дар як манзил дар тангкӯчаи Стрельбищенскаяи минтақаи Пресня аз сӯи кормандони нерӯҳои вижаи Хадамоти федеролии амнияти Русия дастгир шудаанд. Мақомоти амниятӣ ҳадс задаанд, ки шояд аъзои гурӯҳ дар таҳхонаи бино маводи тарканда гузошта бошанд, аз ин рӯ ҳама сокинони биноро, ки тақрибан 100 нафар ҳисоб шудааст, ба ҷойи амн кӯчониданд. Баъд аз тафтиши бино сокинон ба манзилҳои худ баргаштанд.

Расонаҳои чопи Маскав менависанд, ки ҳамдастони гумонбаронро баъдан дар дигар маҳаллаҳои Маскав пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG