Пайвандҳои дастрасӣ

Доварони бозии “Истиқлол” - “Кувайт” аз Узбакистон


​Доварони бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва КВ “Кувайт”-и Кувайт аз Узбакистон мебошанд.

Бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва КВ “Кувайт”, қаҳрамони дувоздаҳкаратаи -и Кувайтро, ки 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад, ҳакамон аз Узбакистон доварӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Валентин Коваленкои 40-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Вай аз соли 2002 довари ФИФА буда, аз соли 2008 бозиҳоеро, АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мегузаронад, доварӣ мекунад. Ӯ ду бор сардовари бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон буд. Соли 2008 дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон (0:0) ва бозии ниҳоии ин мусобиқа байни тимҳои миллии Ҳиндустону Тоҷикистонро (1:4) ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст.

Ҳамватанони Коваленко, ёварони довари ФИФА – Маъмур Саидқосимови 37-сола ва Ҳусниддин Шодмонови 39-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Азиз Осимови 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Алӣ Ҳамад Мадҳад Сайф Ал-Бадвавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Камол Токобоев аз Қирғизистон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои КВ “Кувайт” ва “Истиқлол”, ки 30 сентябр дар пойтахти Кувайт - шаҳриЭл-Кувайт баргузор шуда буд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 4:0 поён ёфта буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG