Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси духтари тоҷик “барои иртиботи ҷинсӣ” дар Дубай


Додгоҳе дар Дубай як духтари 23-солаи тоҷикро барои иртиботи ҷинсӣ ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Аз ин духтар танҳо К.Т. ном бурда шуда ва маълумоти дигар дар бораи ӯ дастрас нест. Торнамои Тhe National UAE рӯзи 11 октябр навишт, ки ин духтар баъд аз муроҷиат дар бораи таҷовуз шудан ва дуздии ҳамёнаш бо телефон ва 700 доллар аз сӯи як устои афғон "ба даст афтодааст". Аммо афғони 26-сола баъди боздошташ гуфтааст, ӯ ба номуси ин духтар таҷовуз накарда, баръакс, ҳамхобагии онҳо бо хоҳиши духтар сурат гирифта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG