Пайвандҳои дастрасӣ

Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи 12 октябр дар бинои “Душанбе-Плаза” биржаи фондии Осиёи Марказӣ расман ифтитоҳ шуд. Азамат Қосимов, раиси кулли Биржаи фондии Осиёи Маркзаӣ дар Тоҷикистон гуфт, ин биржа бо 35 миллион сомонӣ ба роҳ монда шуда, коршарикаш "Ҷимэкс"-и Бритониё мебошад.
Дар ҷараёни ифтитоҳи биржаи мазкур муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазири иқтисодиёт ва рушди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулло ҳузур доштанд.

Дар гузашта талошҳо дар Тоҷикистон барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода ва рӯи коғаз монда буданд. Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва дигар иҷозаномааш низ тамдид нашуд.

Биржаи фондии Душанбе, ки ҳам чанд сол пеш сабт шуд ва як вазифааш хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, аслан фаъолият намекунад ва маълум нест, сарнавишти он чӣ мешавад. Ба қавли мутахассисон, бо ифтитоҳи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ ҳама ҷамъиятҳои саҳомиву ширкатҳо барои хариду фурӯши саҳмия ба ин ҷо намешитобанд, зеро дар ин бахш таҷрибаи кам доранд ва аз “риск” кардан метарсанд.

XS
SM
MD
LG