Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори аъзои гурӯҳи террористӣ аз боздоштгоҳи Қирғизистон


Аз боздоштгоҳи шумораи 50-и вилояти Чуйи Қирғизистон 9 узви гурӯҳи террористии “Жайшул Маҳдӣ” фирор кардаанд.

Бино ба иттилои Александр Никсдорф, сухангӯйи Идораи давлатии иҷрои муҷозоти Қирғизистон, аз ҷумлаи 9 нафар панҷ тан дубора боздошт шудаанд.

Ҷаноби Никсдорф ба бахши қирғизисии Радиои Озодӣ гуфт: “Ин афрод чанд соле қабл ба ҷурми созмондиҳии якчанд амали террористӣ боздошт шуда буданд. Узвияти се нафари фирориён ба созмони террористии “Жайшул Маҳдӣ” собит шудааст. Ҳоло Вазорати корҳои дохилӣ барои дастгир кардани онҳо амалиётеро роҳандозӣ кардааст”.

Гуфта мешавад, ба ҳангоми фирори ин афрод 3 корманди боздоштгоҳ кушта шуда ва вазъи саломатии подполковник Тилек Абдулғозиеви захмӣ вазнин арзёбӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG