Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Маҷидов аз Тайланд бо медали тило баргашт


Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Тайланд ду медал ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайланд баргузор шуд, соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ - гардид.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило мукофотонида шуд.

Медали тилои Хуршед Маҷидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 55 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гашт. Вале баъдан аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дарТайланд байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар дар сабқати писарон намояндагӣ карданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи чаҳор гуштигири дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 73 кг, ҷойи панҷум), Ҷамолиддин Абдуллоев (то 60 кг, ҷойи ҳафтум), Шоҳмансур Ёқубов (то 66 кг, ҷойи ҳафтум) ва Носирхӯҷа Зайниддинов (то 81 кг, ҷйи ҳафтум) – низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Узбакистон бо касби 8 медал (3-1-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 8 медал (1-3-4) ҷойи севумро гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, як медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG