Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари суқути чархболи ҷангӣ дар пойгоҳи низомии Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО дар шаҳри Кобули Афғонистон 5 тан аз аъзои нерӯҳои эътилофи байналмимилаӣ кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар миёни афроди кушташуда ду узви неруҳои ҳавоии Британия низ будаанд, ки ба хотири омӯзиш додани низомиёни афғон дар ин кишвар ба сар мебурданд.

Дар баёнияи НАТО таъкид шудааст, ки чархболи ҷангӣ на бар асари тири душман, балки ба далоили фаннӣ дар соати 4-у 15 дақиқаи баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта суқут кардааст.

Ин дар ҳолест, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҷунбиши Толибон бо пахши як баёния масъулияти суқути чархболи ҷангиро ба ӯҳда гирифтааст.

Зимнан, рӯзи якшанбеи 11 октябр, корвони низомии НАТО дар шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта, аммо низомиёни НАТО осеб надидаанд. Бар асари инфиҷори автомобили бомбгузоришуда 3 ғайринизомӣ захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG