Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ Абубакр ал-Бағдодиро бомборон кардаанд


Нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи 11-уми октябр гуфтанд, бо ҳавопаймо ба корвони мошинҳои Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ дар наздикии марз бо Сурия зарба заданд. Дар баёнияи нерӯҳои муштараки мусаллаҳи Ироқ омадааст, “қувваҳои ҳавоии Ироқ корвони мошинҳои террорист Абубакр ал-Бағдодиро, ки барои мулоқот бо фармондеҳои ДОИШ ба Каробила мерафт, бомборон карданд.” Сарнавишти Абубакр ал-Бағдодӣ ҳоло маълум нест. Баёнияи мазкурро гурӯҳи махсуси матбуотии Ироқ нашр кард, ки дар бораи ҷанг бо гурӯҳи Давлати исломӣ хабар медиҳад ва байнияҳои вазоратҳои умури дохилӣ, дифоъ ва Ҷабҳаи мусаллаҳи мардумии Ироқро нашр мекунад. Дар гузашта ҳам чанд дафъа дар бораи қатли раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ ва захмӣ шуданаш гузориш нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG