Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” барандаи Ҷоми Султон Мирзоев шуд


​Дастаи футоли наврасони “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев гардид.

Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, рӯзи 11 октябр дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии дастаи “Истиқлол” ба анҷом расид.

Ин мусобиқаро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, ташкил намуданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар Варзишгоҳи марказӣ панҷ рӯз, аз 7 то 11 октябр, идома ёфт, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1998-1999аз вилояти Хатлон (ду даста аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Восеъ), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), инчунин, дастаи шаҳри Ӯши Қарғизистон ва шаҳри Тарази Қазоқистон иштирок карданд.

Дастаи “Истиқлол” (мураббиаш Рустам Қурбонов), ки дар бозии ниҳоӣ бар тими наврасони “Монтажник”-и шаҳри Тарази Қазоқистон (мураббиаш Аҳмадҷон Кошалиев) бо ҳисоби 2-0 ғолиб омад, бо Ҷоми Султон Мирзоев ва диплому медалҳои тилло сарфароз гардид.

Ба дастаи наврсони шаҳри Тараз барои ҷойи дувум ҷоми хотиравӣ, диплому медалҳои нуқра супурда шуд.

Ба дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) оид ба футбол (мураббиёнаш Раҷаб Расулов ва Қудрат Муродов) барои ҷойи севум ҷоми хотиравӣ, диплому медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа беҳтарин бозигарону доваронро муайян кард, ки онҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Максим Негода («Монтажник», Қазоқистон) беҳтарин дарвозабон, Зариф Музаффаров («Истиқлол») беҳтарин ҳимоятгар, Эмомалӣ Аҳмадҷон (мунтахаби наврасони Тоҷикистон, U-14) беҳтарин нимҳимоятгар, Шӯҳрат Султонов (МҶМОВ) беҳтарин ҳамлагар ва нишонзан (10 гол) дониста шуданд.

Беҳрӯз Муртазоев, Максим Илченко ва Шӯҳрат Раҷабов (ҳарсе аз Душанбе) беҳтарин доварони мусобиқа эълон шуданд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо ва пӯшидашавии мусобиқа ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, табрик гуфта, ба футболбозони ҷавон орзуҳои нек карданд.

Алимаҳмад Мирзоев, ки бо ибтикори ӯ аз соли 1999 то кунун ин мусобиқа барои бори ҳабдаҳум баргузор шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи ин мусобиқа рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар шомил кардани онҳо буд. Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд».

XS
SM
MD
LG