Пайвандҳои дастрасӣ

​Як назарсанҷӣ дар байни сокинони зодгоҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, нишон додааст, ки 64%-и сокинонаш мехоҳанд, вуруди миллатҳои дигар аз ҷумла тоҷикон ба ин шаҳр маҳдуд карда шавад.

Як назарсанҷии Бунёди афкори умум маълум кардааст, ки аксаран занон дар Санкт-Петербург мухолифи ҳузури миллатҳои ғайр дар шаҳрашон будаанд, зеро ба назари онҳо муҳоҷирон “хираву хашин” ҳастанд ва “рафтори зишт” доранд. Яке аз омилҳои дигари мухолифати сокинони Санкт-Петербург ба ҳузури миллатҳои ғайр ба гуфтаи онҳо “фарҳанги бегона, носозгарӣ ба анъанаҳои таҳҷоӣ, ҳазар кардани онҳо аз қабули арзишҳои миллии мардуми шаҳр” будааст.

Дар назарсанҷии Бунёди афкори умум, аз 26 дарсади назардодагон пурсидаанд, ки аз кадом мардум бештар бадашон меоянд ва аз ин миён аксарият, яъне 7 дарсад гуфтаанд, ки аз қафқозиҳо хушашон намеояд. Теъдоди аз ин ҳам камтари назардодагон, яъне 6 дарсад гуфтаанд, ки нисбат ба тоҷикон ва узбакҳо хусумат доранд ва ҳузури онҳо дар пойтахти дувуми Русия онҳоро нороҳат мекунад ва озор медиҳад.

Шаҳри Санкт-Петербург бо бештар аз 5 миллион аҳолӣ яке аз мизбонҳои асосии муҳоҷирони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва аз назари ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезӣ ва ҳамла ба миллатҳои ғайрирус дар Русия дар мақомҳои аввал меистад.

Ба гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи “СОВА”, ки дар Русия ҷиноятҳо дар заминаи адовати милливу мазҳабиро сабт мекунад, танҳо дар моҳи сентябр дар Санкт-Петербург ва вилояти Курск, гурӯҳҳои ифротии миллатгарои рус ба 5 ғайрирус ҳамла карда ва яке аз онҳоро куштаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд будани хусумат нисбат ба муҳоҷирону миллатҳои ғайр дар Санкт-Петербургро ба амалкарди матбуоти Русия иртибот медиҳанд, ки муҳоҷирони тоҷику узбак ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қаҳрамонҳои ҳамешагии манфии онҳо ҳастанд ва аксар вақт ҷинояткор, қочоқбар ва таҷовузкор муаррифӣ мешаванд.

Дар назарсанҷии Бунёди афкори умум дар Русия ҳам зикр шудааст, “тарғиботи матбуот, тарғиби нафрат аз тариқи телевизион” аз сабабҳои нафрати сокинони Санкт-Петербург ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст. Аммо айни замон худи раҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъияти тоҷикон дар Санкт-Петербург ҳам мегӯянд, гуноҳи худи муҳоҷирони кории тоҷик дар бад шудани муносибат нисбат ба онҳо кам нест.

Назар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, мегӯяд, “махсусан вақте фарзандони мо аз Тоҷикистон ба инҷо меоянд, онҳо дар ҳақиқат тарбияи бад доранд. Забони русиро намедонанд, забони тоҷикиро ҳам намедонанд ва зимни тарҷума ҳам кас намефаҳмад, ки онҳо чӣ гуфтан мехоҳанд.” Оқои Мирзода бовар дорад, ҳафтод дарсади задухӯрду кушокушӣ аз худи муҳоҷирон аст. “Бисёре аз ҷиноятҳое, ки дар Санкт-Петербург ва дигар ҷойҳои Русия мешавад, аз худ ба худ аст, мо ҳамаи инро санҷиш гузарондем,” – гуфт ӯ.

Айни замон, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар Санкт-Петербург аксарияти мардум нисбат ба муҳоҷирон назари мусбат доранд ва онҳое, ки аз муҳоҷирон бадашон меоянд, гурӯҳи хурди ба гуфтаи Назар Мирзода “ба ном интеллигент” ҳастанд.

Назарсанҷии Бунёди афкори умум дар Русия, ки дар миёни 1000 нафар ва моҳи август анҷом шудааст, нишон додааст, ки бештар аз 70 дарсади сокинони Санкт-Петербург ба мардуми ғайр ва ё муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ назари бетарафона доранд. Ба гуфтаи Назар Мирзода, сокинони одии шаҳр медонанд, ки тоҷикон мардуми коргар ҳастанд ва ба касе зарар намерасонанд, аз ин рӯ муносибат ба онҳо хуб аст.

Як таҳқиқи дигаре дар ду соли гузашта дар Санкт-Петербург низ нишон додааст, ки 23 дарсади сокинони ин шаҳр нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ назари манфӣ доранд, ҳарчанд бештар аз 70 дарсад гуфтаанд, ки назари бетарафона доранд.

Эмил Насриддинов, як пажӯҳишгари ҷавон аз Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар таҳқиқи худ дар бораи муносибати аҳолии таҳҷоии Санкт-Петербург нисбат ба муҳоҷирон навиштааст, айни замон фақат 4 дарсади муҳоҷирон фикр мекунанд, ки муносибати сокинони Санкт-Петербург ба онҳо бадхоҳона аст, ки бардошти дурусте нест. Ба навиштаи Эмил Садриддинов, мардуми таҳҷоӣ безории худ аз муҳоҷиронро ошкор намекунанд ва аз ин рӯ мардуми омада ҳам фикр мекунанд, ки муносибат ба онҳо хайрхоҳона аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG