Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мистрал"-ҳои Русияро Миср харид


Миср бо имзои як қарордод бо Фаронса ду киштии ҷангии Мистралро мехарад, ки дар асл барои Русия сохта шудаанд. Қарордодро рӯзи 10-уми октябр Мануэл Валлс, нахуствазири Фаронса, зимни сафараш ба Қоҳира имзо кард. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 23-уми сентябр гуфт, ки бо ҳамтои мисрии худ Абдулфаттоҳ Ал-Сисӣ дар робита ба фурӯши "Мистрал"-ҳо ба мувофиқа расидаанд. Ин киштиҳои ҷангиро Фаронса бо дархости Русия баъди соли 2011 сохт, вале бинобар нақши Русия дар низои Украина аз фурӯши онҳо ба Маскав худдорӣ кард ва тақрибан якуним миллиард доллар пули онро ба Русия баргардонд. Киштии Мистрал 16 чархбол, 4 ҳавопаймои ҷангӣ ва 13 тонк мебарад.

XS
SM
MD
LG