Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус оғоз шуд


Дар Ҷумҳурии Белорус раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд, ки бидуни шак имкон медиҳад, Александр Лукашенко раиси ҷумҳури феълӣ панҷ соли дигар дар қудрат бимонад. Раъйдиҳӣ рӯзи 11-уми октябр ва соати 7 шурӯъ шуд. Кумиссиёни марказии интихоботи Белорус рӯзи 10-уми октябр гуфт, ки сеяки мардум рӯзе қабл дар интихобот раъй доданд, вале ба гуфтаи намояндагони мухолифини давлат мақомот ба кормандони давлатӣ, беморон дар шифохонаҳо ва донишҷӯён амр додаанд, ки пештар раъй диҳанд. Рӯзи 10-уми октябр садҳо нафар аз тарафдорони мухолифони давлат бо баргузории як тазоҳуроти беиҷозаи расмӣ дар шаҳри Минск аз раъйдиҳандагон хостанд, дар интихобот ширкат накунанд. Александр Лукашенко, ки 21 сол аст, бо мушти оҳанин дар Ҷумҳурии Белорус ҳукумат мекунад, лақаби “охирин диктатори Аврупо”-ро гирифтааст. Дар ин муддат ӯ ҷомеаи маданӣ, матбуоти мустақилро саркӯб карда ва мухолифони давлатро аз саҳна канор рондааст.

XS
SM
MD
LG