Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия мотами миллии серӯза оғоз шуд


Дар Туркия, ки рӯзи хунинеро пушти сар кард, рӯзи 11-уми октябр мотами миллии серӯза оғоз шуд. Рӯзе пеш аз ин дар ду бомбгузорӣ дар раҳпаймоие дар пойтахт, шаҳри Анкара тақрибан 100 нафар кушта шуданд. Ҳукумати Туркия гуфт, ки дар ин “амали террористӣ” 245 нафари дигар захм бардоштанд ва вазъи 48 тани онҳо ҷиддӣ аст. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия гуфт, “нишонаҳои возеҳ” нишон медиҳад, ки ҳамлаҳо кори дасти бомбгузорони маргталаб будааст. Таркишҳо дар маҳалли “раҳпаймоии сулҳ” ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадафи он маҷбур кардани ҳукумат ба поён додани муноқиша бо ошӯбгарони курд дар ҷанубушарқи Туркия буд. Ташаббускори раҳпаймоӣ, ки баргузор нашуд, аҳзоби чапгаро ва аҳзоби тарафдори курдҳо дар Туркия буданд. Баъди ҳамлаҳо ҳазорон тазоҳургар дар шаҳри Истанбул ҷамъ омаданд ва ҳукумати Туркияро ба ҳамлаҳо дар Анкара муттаҳам карда ва ба зидди он шиор сар доданд.

XS
SM
MD
LG