Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун бегоҳи 10 октябр ба Уммон расид.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои бозии даври шашуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Урдун бегоҳи 10 октябр ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Уммон расид.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар баъди бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон, ки 8 октябр дар Бишкек бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Бишкек – Дубай – Уммон озими Урдун шуд. Дар Уммон мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Гранд Палас» ҷойгир шудааст. Футболбозони тоҷик бегоҳи якшанбеи 11 октябр дар ин ҷо аввалин тамрини худро анҷом медиҳанд.

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Урдун 21 бозигар овардааст– 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ҳимоятгари «Газовик»- и Оренбурги Русия Фарҳод Восиев, ки дар бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон корти сурх гирифт, дар бозӣ муқобили Урдун ширкат намеварзад. Ба ҷуз Фарҳод, нимҳимоятгари марказӣ Нуриддин Давронов дар ин бозӣ иштирок намекунад. Вай дар оғози бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон лат хӯрдааст ва муддати як ҳафта ба майдон омада наметавонад.

Ёдовар мешавем, бозӣ байни дастаҳои мунтахаби миллии Урдн ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Урдун:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду — «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе — «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Аҳмадов («Ал-Аҳлӣ», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳарчор — «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов (ҳарду — «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду — «Хуҷанд»).

И.в. сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Урдун бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Австралия бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум, Қирғизистон бо 5 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чорум ва Бангладеш бо 1 имтиёз дар зинаи охирин - панҷум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

4

3

1

0

9-1

10

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

4

1

2

1

6-5

5

4

Тоҷикистон

4

0

2

2

4-9

2

5

Бангладеш

4

0

1

3

2-13

1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG