Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия амалиёт дар Сурияро густариш дод


Ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия дар 24 соати гузашта дар ин кишвар 64 парвози ҷангӣ анҷом дода ва ба 55 ҳадаф зарба задаанд. Мақомоти низомии Русия рӯзи 10-уми октябр дар Маскав гуфтанд, амалиёти ҳавоӣ дар Сурияро густариш доданд, чун баъди мушоҳидаҳо аз ҳаво ҳадафҳои бештарро маълум карданд. Русия мегӯяд, ба мавзеъҳои гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ зарба мезанад. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 10-уми октябр гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар манотиқи ғарбии Сурия зарба задаанд, ки онҷо ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ кам ҳузур доранд. Мухолифони давлати Сурия ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия амалиёти ҳавоӣ дар Сурияро барои мустаҳкам кардани мавқеи раисиҷумҳур Башшор Асад, ва на барои мубориза бо ифротгароён истифода мекунад. Ба гуфтаи Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, дар наздикии шаҳри Ал-Боб, такягоҳи асосии гурӯҳи Давлати исломӣ ва дар як анбори аслиҳаи онҳо таркиши қавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, вале сабабҳои таркиш ҳоло маълум нест.

XS
SM
MD
LG