Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи мотами миллӣ дар Туркия оғоз шуд (ВИДЕО)


​Нахуствазири Туркия дар ҳоле ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои ифротии курдро аз омилони ҳамлаҳои рӯзи шанбе дар Анқара донист, гуфт, дар пайи он 95 нафар кушта шудаанд.

Дар Туркия, ки рӯзи хунинеро пушти сар кард, рӯзи 11-уми октябр мотами миллии серӯза оғоз шуд. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия гуфтааст, ки дар ду инфиҷор ё таркиши интиҳории рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар Анқара, пойтахти кишвараш дастикам 95 нафар кушта шудаанд.

Ҳамлаҳо дар маҳалле сурат гирифтанд, ки мардум барои иштирок дар "раҳпаймоии сулҳ ва демократия" ҷамъ мешуданд ва ҳадаф аз он водор кардани ҳукумати Туркия ба хатми муноқиша бо ошӯбгарони курд дар ҷанубуғарби он кишвар буд. Тибқи гузориши Рейтер, “инфиҷорҳои рӯзи шанбе маргбортарин ҳамлаҳо дар хоки Туркия ба ҳисоб мераванд”.

Нахуствазири Туркия гуфтааст, дар ин ҳодиса 246 тан захмӣ шудаанд, ки вазъи 49 нафари онҳо вахим ё вазнин аст. Ба гузориши хабаргузории Рейтер, шоҳидон мегӯянд, ин инфиҷорҳо дар соати 10-и субҳи рӯзи шанбе, ҳангоме рӯй дод, ки тарафдорони Ҳизби демократии халқҳо ва тарафдорони ҷараёниҳои коргарӣ ва чапгаро омодаи оғози роҳпаймоӣ мешуданд. Ҳизби демократии халқҳо аз ҳимояти курдҳои Туркия бархӯрдор аст.

Ин тазоҳурот қарор буд дар эътироз ба даври тозаи хушунат байни нерӯҳои давлатӣ ва нерӯҳои Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ё ПКК анҷом шавад. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия рӯзи шанбе гуфт, ки эҳтимол гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё гурӯҳҳои ифротии курд ва чапгаро омили ин инфиҷорҳо будаанд.

Ин дар ҳолест, ки Салоҳуддин Дамиртош, раҳбари Ҳизби демократии халқҳо давлати Туркияро омили ин ҳодиса донистааст. Дамиртош гуфтааст, “ҳамлаи рӯзи шанбе ба ҳамлаи интиҳорӣ ба таҷаммӯи Ҳизби демократии халқҳо як рӯз пеш аз интихоботи моҳи июни соли ҷорӣ шабеҳ (монанд) аст”. Дар он ҳамла шуморе аз тарафдорону ҳомиёни курди Ҳизби демократии халқҳо кушта шуданд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ тамос гирифта ва замини ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониён ин ҳодисаро маҳкум кардааст. Худи Эрдуғон ҳам бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, "ман ин ҳамлаи шарирона ба ваҳдат ва сулҳи кишварамонро қотеъона маҳкум мекунам."

Дар таркишҳои Анқара ба камияш 95 нафар кушта шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

XS
SM
MD
LG